ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СЕМОҲАИ ЧОРУМИ СОЛИ 2023

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/13/2023 - 16:37

     Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023 бо иштироки Сафарзода Дилшод - Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодмонбекзода Даврон - муовини аввали Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Маликзода Аслиддин - муовини Директори генералии  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Юсупов Абдусаттор - муовини аввали Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Ҳомидзода Нуралӣ - Директори генералии байналмиллалии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб», Абдурашидзода Фарҳод - Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар»,  Ҳамроев Фируз - муовини Директор оид ба парвози ҶСК «Тоҷик Эйр», Қурбонов Алимаҳмад - муовини Директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ва сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор гардид.
     Зимни баргузории ҷаласа фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосӣ дар нӯҳ моҳи соли 2023, андешидани чораҳои қатъӣ ва таъхирнопазир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, афзоиш додани хатсайрҳо, паст кардани арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, мавриди муҳокима қарор гирифта, нақша ва ҳадафҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023 муайян карда шуд.

Тоҷикӣ

Меню: