НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 01/31/2024 - 07:07

     Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2023, дар маҷлисгоҳи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо иштироки Директори Агентӣ Сафарзода Дилшод, Муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Шодмонбекзода Даврон, Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр»  Шодмонбекзода  Парвиз, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Меликов Аслиддин, муовини директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» Сатторов Файзулло, сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентӣ ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
     Бояд қайд кард, ки 41 намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ, давлатӣ ва мустақил, аз қабили Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Агентии байналмилалии «РИА новости Россия», Агентии иттилоотии «Авесто», «Минбари халқ», «Паёми Душанбе», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон»«Мир ховар», «Садои Душанбе», «Паёми Душанбе», «Озодӣ», «Спутник», «Настоящее время» ва ғайра иштирок карданд.
     Қабл аз баргузории нишаст ба намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар  соли 2023 дар шакли китобча дастрас карда шуд.
     Суолҳои пешниҳодгардида фарогири масъалаҳо оид ба рушд додани хатсайрҳои маҳаллӣ, шумораи чархболҳо ҷиҳати хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ, мукаммал намудани сатҳу сифати  сомонаҳои расмӣ, инчунин паст намудани нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, зиёд намудани парвозҳо ба нуқтаҳои Федератсияи Россия  ва чанде суолҳоро дарбар гирифта, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.

Тоҷикӣ