Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом

Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Муроҷиат 4 Замима 5 Имзо 6 Пешнамоиш 7 Анҷом
0%
МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ «ICAO»

CАТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҲАВОПАЙМОҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 08/11/2024 - 19:06

     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои мусофирон дар вақти парвоз, бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷии дуру наздик, хусусан ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия (“Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, ЮТэйр” ва “Ямал”), ки парвозҳоро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонанд, корбарӣ намуда, пешниҳод намуд, ки дар хатсайрҳое, ки давомнокии парвозҳо зиёда  аз 3.5 соат мебошад, мусофирон бо хӯроки гарм дар дохили ҳавопаймо таъмин карда шаванд.
     Вобаста ба ин, дар асоси пешниҳоди Агентии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии болозикр давомнокии вақти парвозро ба инобат гирифта, омодагии худро вобаста ба таъмини мусофирон бо хӯроки гарм дар дохили ҳавопаймо иброз намуданд.
Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1 ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд.
     Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба масъулони хадамоти нозиротии фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки иҷрои масъалаи болозикрро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, аз натиҷааш мунтазам ба Агентӣ маълумот пешниҳод намоянд.

Тоҷикӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/11/2024 - 15:08

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/48653

БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/11/2024 - 11:55

шаҳри Алмато

4-6 ноябри соли 2024 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар ҷаласаи якуми мақомоти авиатсионии минтақа ҷиҳати муҳокимаи ташаббуси таъсиси “Конфронси Авруосиёи авиатсияи гражданӣ” ва Семинари минтақавии арзёбии хавфҳо, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид,  иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздики аъзои “Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ” буда, ин ташкилот ба нақша дорад, ки дар оянда низ гузаронидани семинарҳоро вобаста ба мавзӯи бехатарии парвозҳо ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бештар намояд.
Назарзода Ҳабибулло Темур дар семинари болозикр суханронӣ намуда, азҷумла қайд намуданд:
Бо қабули Эъломия дар бораи таъсиси "Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ", Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо шарикон барои табодули таҷриба ва дониш дар самтҳои муҳим, аз қабили бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, соддагардонии расмият, рушди устувори авиатсияи гражданӣ, таҳияи системаҳои бесарнишини авиатсионӣ ва тайёр намудани мутахассисони авиатсионӣ фаъолона ҳамкорӣ намояд.
Тоҷикистон дар маркази стратегии Авруосиё воқеъ буда, ҳамчун долони муҳими нақлиётӣ, ки Осиёро бо Аврупо мепайвандад, хизмат мекунад ва омодааст, дар рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Илова бар ин, кишвари мо ба рушди авиатсияи гражданӣ, навсозии фурудгоҳҳо, беҳтар кардани шароити бехатарӣ ва васеъ кардани алоқаи ҳавоӣ аҳамияти калон медиҳад. Мо, иштирокчиёни ҷаласаи якуми “Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ”, аҳамияти рушди авиатсияи гражданиро ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратии байни кишварҳои минтақаи Авруосиё эътироф менамоем.
Ҳамин тариқ, иштироки Тоҷикистон дар ин ҷаласа ӯҳдадории моро на танҳо ба рушди соҳаи авиатсионии худ, балки таҳкими ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоту вазифаҳои умумии минтақа таъкид менамояд. Мо омодаем ҳадафҳо ва вазифаҳои "Конфронси Авруосиёии  авиатсияи гражданӣ" - ро дастгирӣ намоем, барои татбиқи қарорҳои қабулшуда чораҳои мушаххас андешем ва барои фароҳам овардани шароит барои алоқаи бехатар, экологӣ ва дастрасии ҳавоӣ байни кишварҳои Авруосиё мусоидат намоем.

Тоҷикӣ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРЗОДА ҲАБИБУЛЛО ТЕМУР БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/11/2024 - 17:13

шаҳри Душанбе

     Инак, аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол мегузарад ва давлати  мо дар заминаи меъёрҳои дар он муқарраршуда устуворона пеш меравад. Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
     Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки нахустин аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқӣ изҳор намудааст”.
     Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале аст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
     Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо менамояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин намоем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.
     Тамоми кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дар симои онҳо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ ва ба кишвари азизамон ваҳдати ҷовидону истиқлоли абадиро таманно менамоям.

Тоҷикӣ

Рушди босуботи Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 16/10/2024 - 16:59

     Санаи 15 ва 16 октябри  соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ байни роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании Давлатҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
     Дар вохуриҳои мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни давлатҳои Осиёи миёна ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо,  зиёд намудани шумораи хатсайрҳо,  роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳои болозикр  баррасӣ гардиданд.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 05/10/2024 - 12:18

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/47965

Забон – ҳастии миллат

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 04/10/2024 - 17:31

     Санаи 4 октябри соли 2024 дар толори бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  баргузор гардид.
     Дар ин ҷамъомад Директори Агентӣ муҳтарам Назарзода Ҳабибулло баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд:
Қобили зикр аст, ки бо ба имзо расидани қонуни нав дар бораи забони тоҷикӣ дигарбора Рӯзи забони тоҷикӣ 5 октябр таҷлил карда мешавад ва зодрӯзи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, эҳёгару поягузори давлати навини тоҷикон, фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯз рост омадааст. Бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ ҳамаи шуморо табрику муборакбод менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби манзалату пойдории забон баён доштаанд, ки: ”Забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асили ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо омада расидааст”.
     Дар баромаду суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид месозанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кушиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.
     Дар даврони истиқлолият бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ  ба маротиб афзуд ва дар коргузории расмӣ забони давлатӣ пурра ҷорӣ гардид. Нақши Пешвои миллат дар пешрафт ва бақову пойдорӣ ва устувории забони давлатӣ ниҳоят калон аст, ки ҳар яки мо – хизматчиёни давлатӣ онро қадр мекунем ва дар баробари хизматҳои шоёни Сарвари  давлатамон орзуманди онам, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем ва барои поку беолоиш мондани он саъю талош намоем.

Тоҷикӣ

Вохуриҳои судманд меафзояд

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 30/09/2024 - 16:33

     Санаи 30 сентябри  соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохурӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Назарзода Ҳабибулло Темур, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Давлатзода ва инчунин, Раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам  Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал - Дуайлиҷ ва Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ муҳтарам Тавфиқ ибни Фавзои ар - Рабиъа, баргузор гардид.

Тоҷикӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САҲМИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/09/2024 - 18:51
«Садоқат ба осмон»

03.09.2024     шаҳри Душанбе

     Соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тоза ёфта, ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар мақоми байналмилалиро гирифтанд ва имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи авиатсияи гражданӣ ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуда истодааст.
     Дар ин давра авиатсияи тоҷик ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад, ки ин пешравиҳо аз андешаи солими ватандӯстӣ ва миллатсозӣ, ҷасорату матонати сарварӣ ва дурбинии ҳакимонаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 09/09/2024 - 07:55

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Манбаъ: 
https://president.tj/event/news/47266

Саҳифаҳо

Обуна ба АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН RSS