Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамбастагӣ бо ширкати FLY.TJ хатсайри мустақими Душанбе – Тбилисиро роҳандозӣ намуд. Бо ифтитоҳи ин хатсайр шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон пайдо мекунанд, ки барои худ боз як кишвари зебову ҳамешасабзро кушода бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ҳамдигар ошно шаванд.
Парвози нахустин аз Душанбе ба Тбилисӣ санаи 22-юми май сурат гирифт ва минбаъд парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Тбилисӣ 12:40 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва хариди бастаҳои сайёҳии самти Гурҷистон хоҳишмандон метавонанд тариқи телефонҳои 1133, +992 88 877 50 05 тамос бигиранд.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар бар мегирад.