Санаи 26 июни соли 2024 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” баргузор гардид.
Нахуст рузномаи маҷлис тасдиқ гардида, мақоми кории маҷлис интихоб карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Назарзода Ҳабибулло Темур раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоти “Авиатсияи миллӣ” бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ, аз қабили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби “Тоҷикон”, маҷлисҳои умумии ҳизбӣ, соатҳои сиёсӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои назариявӣ ва вохуриҳо бо иштироки олимону шахсони баруманди ҷумҳурӣ баргузор гардиданд. Обунаи нашрияҳои ҳизбӣ, ки дар маҷмӯъ фаррох нигоҳ доштани доираи иттилоотикунонии ҳизбӣ, холӣ нагузоштани фазои сиёсӣ, ба аъзоён ва хонандагони он расонидани афкори мақсадноки фаъолияти ҳизбӣ мебошад, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” ба рӯзномаи “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” обуна гардиданд.
Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои ташкилот пурра таъмири ҷорӣ гардид.
Дар давоми маҷлис бо ҷонибдории аъзои ҳизб ва овоздиҳии кушода аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд. Ҳамзамон ,Назарзода Ҳабибулло Темур раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” ва Каримӣ Соҷида – муовини раиси ташкилоти ҳизбӣ интихоб гардиданд.
Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдуллоев Салоҳиддин Ҷамолиддинович баромад намуда, оиди сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ, расидан ба қадри хизматҳои шоёни Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи кишвар, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30 солагии ҲХДТ ибрози андеша намуданд.
Дар охири маҷлис Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” Назарзода Ҳабибулло Темур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҳизбиёнро муборакбод намуданд.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































