«ХОҲӢ, КИ ОЗОД БОШӢ, ПОБАНДИ ҚОНУН БОШ»

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 17/05/2024 - 17:00

     Дар соли таҷлили 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, ҷиҳати болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир хоҳад гузошт, зеро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мусоидат менамояд. Мехостам аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон иброз доштанд, ёдовар шавам: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 омадааст: “ Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад”.
     Ҳар яки моро зарур аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ”Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҳамзамон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли равон иброз доштанд, кору фаъолияти хешро самаранок ба роҳ монем. Айни замон инсоният ба тағйиру таҳаввули рӯзафзун рӯ ба рӯ шуда, зери таъсири падидаи бошитоби ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст. Чунин равандҳо ба кишвари соҳибистиқлоли мо низ бетаъсир буда наметавонад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ногувор ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ҳар яки моро мебояд,  ба омӯзиш, парвариш ва таълиму тарбияи насли нав диққати ҷиддӣ дода, бо рӯ овардан ба донишу ҷаҳонбинӣ дар ташаккули ҷомеа ва таҳкиму устувории пояҳои давлатдории миллӣ саҳми худро гузорем.
     Имрӯз ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро вазифаи ҷонии хеш донад.
Риояи қонунҳои миллии мамлакат “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар талаботи қонунгузории кишвар, ки барои танзим ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
     Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузорем. Аз ин рӯ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои авиатсионии кишвар ва иштироки васеи олимону мутахассисони беҳтарини ҷумҳурӣ, инчунин, табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро бештар ба роҳ монад, зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Директори Агентии авиатсияи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Ҳабибулло Темур

 

Тоҷикӣ