Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Санаи 15 ва 16 октябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ байни роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании Давлатҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар вохуриҳои мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни давлатҳои Осиёи миёна ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо, зиёд намудани шумораи хатсайрҳо, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳои болозикр баррасӣ гардиданд.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 4 октябри соли 2024 дар толори бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад Директори Агентӣ муҳтарам Назарзода Ҳабибулло баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд:
Қобили зикр аст, ки бо ба имзо расидани қонуни нав дар бораи забони тоҷикӣ дигарбора Рӯзи забони тоҷикӣ 5 октябр таҷлил карда мешавад ва зодрӯзи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, эҳёгару поягузори давлати навини тоҷикон, фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯз рост омадааст. Бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ ҳамаи шуморо табрику муборакбод менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби манзалату пойдории забон баён доштаанд, ки: ”Забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асили ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо омада расидааст”.
Дар баромаду суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид месозанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кушиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.
Дар даврони истиқлолият бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд ва дар коргузории расмӣ забони давлатӣ пурра ҷорӣ гардид. Нақши Пешвои миллат дар пешрафт ва бақову пойдорӣ ва устувории забони давлатӣ ниҳоят калон аст, ки ҳар яки мо – хизматчиёни давлатӣ онро қадр мекунем ва дар баробари хизматҳои шоёни Сарвари давлатамон орзуманди онам, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем ва барои поку беолоиш мондани он саъю талош намоем.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 30 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохурӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ҳабибулло Темур, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва инчунин, Раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал - Дуайлиҷ ва Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ муҳтарам Тавфиқ ибни Фавзои ар - Рабиъа, баргузор гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
03.09.2024 шаҳри Душанбе
Соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тоза ёфта, ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар мақоми байналмилалиро гирифтанд ва имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи авиатсияи гражданӣ ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуда истодааст.
Дар ин давра авиатсияи тоҷик ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад, ки ин пешравиҳо аз андешаи солими ватандӯстӣ ва миллатсозӣ, ҷасорату матонати сарварӣ ва дурбинии ҳакимонаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Муҳтарам ҳамкасбон, собиқадорон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишвар!
Бо ифтихору шарафмандӣ ва шукргузорӣ аз кишвари ободу озода ва сулҳофарамон Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо ва кулли мардуми сарбаланди Ватани азизамон самимона табрик менамоям.
Забони мавод
Тоҷикӣ