Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ (Лоиҳа)
Мақсад аз қабули Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚА ҶТ-21) «Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ» ин, пеш аз ҳама иҷроиши талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ки ба он ҳамасола ислоҳот ворид карда мешавад, мебошад.
Қоидаи мазкур Талаботро нисбат ба истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ оид ба сертификатсия ва раванди бақайдгирии онҳоро тартиби муайян менамояд.