БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/11/2024 - 11:55

шаҳри Алмато

4-6 ноябри соли 2024 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар ҷаласаи якуми мақомоти авиатсионии минтақа ҷиҳати муҳокимаи ташаббуси таъсиси “Конфронси Авруосиёи авиатсияи гражданӣ” ва Семинари минтақавии арзёбии хавфҳо, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид,  иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздики аъзои “Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ” буда, ин ташкилот ба нақша дорад, ки дар оянда низ гузаронидани семинарҳоро вобаста ба мавзӯи бехатарии парвозҳо ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бештар намояд.
Назарзода Ҳабибулло Темур дар семинари болозикр суханронӣ намуда, азҷумла қайд намуданд:
Бо қабули Эъломия дар бораи таъсиси "Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ", Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо шарикон барои табодули таҷриба ва дониш дар самтҳои муҳим, аз қабили бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, соддагардонии расмият, рушди устувори авиатсияи гражданӣ, таҳияи системаҳои бесарнишини авиатсионӣ ва тайёр намудани мутахассисони авиатсионӣ фаъолона ҳамкорӣ намояд.
Тоҷикистон дар маркази стратегии Авруосиё воқеъ буда, ҳамчун долони муҳими нақлиётӣ, ки Осиёро бо Аврупо мепайвандад, хизмат мекунад ва омодааст, дар рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Илова бар ин, кишвари мо ба рушди авиатсияи гражданӣ, навсозии фурудгоҳҳо, беҳтар кардани шароити бехатарӣ ва васеъ кардани алоқаи ҳавоӣ аҳамияти калон медиҳад. Мо, иштирокчиёни ҷаласаи якуми “Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ”, аҳамияти рушди авиатсияи гражданиро ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратии байни кишварҳои минтақаи Авруосиё эътироф менамоем.
Ҳамин тариқ, иштироки Тоҷикистон дар ин ҷаласа ӯҳдадории моро на танҳо ба рушди соҳаи авиатсионии худ, балки таҳкими ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоту вазифаҳои умумии минтақа таъкид менамояд. Мо омодаем ҳадафҳо ва вазифаҳои "Конфронси Авруосиёии  авиатсияи гражданӣ" - ро дастгирӣ намоем, барои татбиқи қарорҳои қабулшуда чораҳои мушаххас андешем ва барои фароҳам овардани шароит барои алоқаи бехатар, экологӣ ва дастрасии ҳавоӣ байни кишварҳои Авруосиё мусоидат намоем.

 

Тоҷикӣ