ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ НАЗАРЗОДА ҲАБИБУЛЛО ТЕМУР БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/09/2024 - 09:55

     Муҳтарам ҳамкасбон, собиқадорон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишвар!
     Бо ифтихору шарафмандӣ ва шукргузорӣ аз кишвари ободу озода ва сулҳофарамон Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо ва кулли мардуми сарбаланди Ватани азизамон самимона табрик менамоям.
     Боиси хушбахтиву сарфарозист, ки иди касбии кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии иди таърихии кишварамон – Истиқлолияти давлатӣ   таҷлил карда мешавад.
     Соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат буда, дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи муттамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилотҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ, Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Айни замон, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ бо 29 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон), 7 кишвари Иттиҳоди Аврупо (Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия, Туркия ва Британияи Кабир) ва 12 кишвари  Осиё  (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Корея ва Салтанати Умон)  мебошанд.
     Муҳтарам ҳамкасбон ва муттахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, саҳми ҳар яки Шумо дар пешрафти иқтисодиёти кишвар басо назаррас буда, фаъолияти густурдаи Шумо дар муаррифии Тоҷикистон дар соҳаҳои авиатсия ва сайёҳии кишвар боиси ифтихор аст. Ҳавонавардони сарбаланди Тоҷикистон аз рӯзи таъсис ва арзи ҳастӣ намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ, дар ҳама гуна  шарту шароит, аз ҷумла, дар солҳои мушкилу вазнини кишвар якдилонаву огоҳона фаъолияташонро қатъ накарда, парки ҳавопаймову мутахассисони нодири худро нигоҳ дошта, ба хотири пешрафти соҳа ва шукуфоии кишварамон заҳмат кашиданд.
     Ҳавонавардон – пайвандгари оламу одам, васлгарони қалбҳову тамаддунҳо мебошанд. Имрӯзҳо ҳавопаймоҳои ҳозиразамон дар хидмати мардум қарор дошта, онҳоро ба ақсои ҷаҳон мебаранду меоранд ва зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри азизу соҳибистиқлоламонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар роҳи инкишофи бемайлони минбаъдаи соҳа саъю талош менамоянд ва баҳри васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, харидорӣ намудан ва ҷалби бештари анвои нави ҳавопаймоҳои муосир, ташкили шоистаи парвози ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳифзу саривақт дастрас намудани борҳои интиқолшаванда, таъмини комили низому амнияти парвозҳо, таҷдиду бунёди терминалу аэровокзалҳои ҳозиразамон, навсозии хатҳои парвозу нишаст, харидани таҷҳизоту мошинолоти навтарин дар фурудгоҳҳо ва як қатор масоили дигари соҳа аз ҷониби масъулини соҳа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
     Дар соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳазорон нафар заҳмат кашида, бештари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа номи худро ба некӣ ёдгор мондаанд. Таҷрибаву хизматҳои мутахассисони собиқадори соҳаи авиатсияи гражданӣ имрӯз барои омода намудани кадрҳои ҷавони тахассуснок бисёр арзишманд ба ҳисоб меравад, ки барои пешрафту рушди авиатсияи граждании кишварамон назаррас мебошад.
     Ҳамкасбони муҳтарам, собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳавонавардони сарбаланди Тоҷикистон. Ҳамаи Шуморо бори дигар ба ин рӯзи фараҳбахш - ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ, офияту осудагии рӯзгору зиндагӣ, умри бардавому бобаракат, парвози бароҳату бехатар ва дар фаъолияти  пурифтихоратон дар роҳи шукуфоии Ватани маҳбубамон пирӯзиву пешравӣ ва сарбаландиву комёбиҳои беназирро таманно менамоям.   
               
     Ҳамеша хонаободу хушрӯзгор ва муваффақу сарбаланд бошед, ҳамкасбони гиромӣ.     

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Ҳабибулло Темур

Тоҷикӣ

Меню: