Сафи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ меафзояд
Санаи 14 августи соли 2024 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни намояндагони воломақоми соҳаи авиатсияи гражданӣ: Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур, директори генералии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Валиев Абдулқосим, муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Маликзода Аслиддин ва Бен Хоскинс – Менеҷери калони Фурудгоҳи “Heathrow” оид ба шабакаҳои ҳавопаймоӣ мулоқоти судманд оид ба масъалаҳои алоқаи ҳавоӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохурии мазкур ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе - Лондон мебошад. Ёдовар мешавем, ки санаи 28 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шуда буд.
Умедворем, ки баргузории вохуриҳои болозикр ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
шаҳри Лондон