Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Соҳаи авиатсияи граждании кишвар сол аз сол бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст.
Санаи 15-уми апрели соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Бостонов Данияр ва Директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди доир гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 20 феврали соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон – Ҷамол Бакр Абдулло баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин рушди соҳаи авиатсияи граждании ду кишвар ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ дар ин соҳа мебошад.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол авиатсияи граждании кишварамон рушд намуда истодааст. Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби истифодаи таҷҳизоти техникии Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 1 декабри соли 2024 мавриди амал қарор гирифт, исботи ин гуфтаҳост. Тибқи иҷрои қарори мазкур дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” насб карда мешаванд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, тавассути ин таҷҳизот аз назорати сарҳадӣ гузаранд ва истифода аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” ба таври зерин сурат мегирад:
- Гузоштани саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафар ба дастгоҳи хониши шиноснома ва пайравӣ намудани дастури амали навбатии дар экрани таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” пайдошаванда;
- Даромадан ба дохили таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” ва анҷом додани аксгирӣ, ки ба таври худкор фаъол мешавад;
- Баъди анҷоми расмиёт баромадан аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ”;
- Ҳангоми истифода бурдани таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” мусофирон бояд ба аломатҳое, ки дар атроф, дохил ва экрани таҷҳизоти техникии мазкур нишон дода шудаанд, пайравӣ кунанд.
- Дар як вақт аз як таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” як мусофир истифода мебарад.
Мақсад аз иҷрои талаботи қарори мазкур ин: содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафти терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ ва пасазпарвозии мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, пешгирии таҳдидҳои муосир ба амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳҳо ва ба таҷрибаи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 29 январи соли 2025, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” бо роҳбарии Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин, директори генералии ҶСК "Тоҷик Эйр"- Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - Маликзода Аслиддин, муовини директори генералии ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" - Алиаҳмад Қурбонов, муовини аввали директори генералии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" - Шодмонбекзода Даврон, кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти 12 моҳи соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ