Санаҳои 15-16 майи соли 2024 вохӯрии Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи-Шимолии ИКАО Николас Ралло бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ, роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ, инчунин, роҳбарияти корхонаҳои авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои иштироки мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар семинарҳо, конфронсҳо ва курсҳои омӯзишии ИКАО, мутобиқат намудани сохтор ва маблағгузории маъмурияти авиатсияи гражданӣ ба талаботи ИКАО, фаро гирифтани мутахассисон бо курсҳои такмили ихтисос ва дарёфти мутахассисони пуртаҷриба ҷиҳати фаъолият намудан дар Агентии авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, зикр гардид, ки тибқи тавсияҳо ва пешниҳодҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади мутобиқ намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.
Боварӣ дорем, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.
Аксҳо аз ҷараёни баргузорӣ.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |