Санаи 30-юми майи соли 2024 вохӯрии котиби генералии Котиботи доимии комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТРАСЕКА) Асет Асавбаев бо директори Агентии авитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло доир гардид, ки дар он якчанд масъалаҳо барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби котиби генералии (ТРАСЕКА) ҷиҳати фаъолияти (ТРАСЕКА) ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор карда шуд. Инчунин дар раванди мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ нақшаҳои соҳа аз ҷумла оид ба зиёдшавии хатсайрҳои нав пешниҳод гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои иштироки мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар семинарҳо, конфронсҳо ва бо курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтани мутахассисон ҷиҳати сайқал додани дониши касбӣ, баррасӣ намуданд.
Дар назар аст, ки ҳамкориҳо миёни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТРАСЕКА густариш хоҳанд ёфт.
Акс аз ҷараёни баргузорӣ.