Санаи 23 июли соли 2024 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Директори генералии Агентии авиатсияи граждании Вазорати сохтмон ва нақлиёти Маҷористон Мате Ловингер ва Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло доир гардид, ки дар он масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, кушодани парвозҳо байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфтушунид дар вазъияти дустона ва самимона баргузор гардида, матни лоиҳаи созишномаро баррасӣ ва мувофиқа намуда, онро парафгузорӣ намуданд. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки пас аз имзои ин Протоколи мувофиқашуда Созишномаи парафшударо муваққатан татбиқ намоянд. Ҳайатҳо мақсади умумии худро дар бобати боз ҳам зиёд намудани иқтидор барои инъикоси талаботи рӯзафзуни парвози ҳавоии Маҷористон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон хушнудии худро нисбати меҳмоннавозии мардуми тоҷик, обу ҳаво ва табиати дилфиреби диёрамон иброз намуданд.
Умед бар он мебандем, ки баргузории вохурии имрӯза дар рушду рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи кишвар нақши муҳим мебозад.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |