Вохуриҳои судманд меафзояд

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 30/09/2024 - 16:33

     Санаи 30 сентябри  соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохурӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Назарзода Ҳабибулло Темур, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Давлатзода ва инчунин, Раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам  Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал - Дуайлиҷ ва Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ муҳтарам Тавфиқ ибни Фавзои ар - Рабиъа, баргузор гардид.
     Дар вохурии мазкур  оид ба роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва масъалаҳои вобаста ба ин мавзуъ, инчунин, рушди самти сайёҳӣ ва масъалаҳо оид ба ҳаҷ  мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати зиёд намудани хатсайрҳо миёни ду кишвар Протоколи ҳамкориҳо имзо гардид.
     Боиси зикр аст, ки санаи 14 июни соли 2010 дар шаҳри Ҷиддаи  Арабистони Саудӣ Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расида буд.
     Умедворем, ки баргузории вохурии зикргардида ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, самти сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳаҷҷи миёни ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
     Аксҳо аз ҳолати баргузории ин вохурӣ.

Тоҷикӣ