шаҳри Душанбе
Инак, аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол мегузарад ва давлати мо дар заминаи меъёрҳои дар он муқарраршуда устуворона пеш меравад. Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки нахустин аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқӣ изҳор намудааст”.
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале аст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо менамояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд. Дар шароити имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин намоем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.
Тамоми кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дар симои онҳо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ ва ба кишвари азизамон ваҳдати ҷовидону истиқлоли абадиро таманно менамоям.