Имрӯз дар толори Агентии авитсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ҳабибулло Темур баромад карда, аз ҷумла қайд намуданд: Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари итифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 294 ҳазор сокинон ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бо фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор, беш аз 90 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. 15 нафар ҷанговарони тоҷик сазовори ордени «Шараф» ҳар се дараҷа сазовор гардиданд.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |