ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ БОКУ-ДУШАНБЕ-БОКУ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/30/2023 - 09:33

     Ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумхурии Озарбойҷон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам густариш ёфта истода, боиси хурсандист, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни маъмуриятҳои авиатсонии Тоҷикистону Озарбойҷон, имрӯз нахустин хатсайри Боку-Душанбе-Боку аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Бута Эйрвейс» ифтитоҳ гардид.
     Маврид ба ёдоварист, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин кушодани хатсайри нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумхурии Тоҷикистон заминаи хуберо фароҳам меорад.

Тоҷикӣ