Моҳи июни соли 2024 дар баробари мутахассисони маъмуриятҳои авиатсионӣ ва роҳбаладони ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳуриҳои Сийера-Леоне, Уганда, Панама (Амрикои Лотинӣ), Ироқ, Непал, Камбоҷа ва Муғулистон, мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар семинари омӯзишӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии парвоз ва риояи талаботҳои байналмилалӣ дар дохили ҳавопаймоҳо ва тарзи хизматрасонӣ ба мусофирон дар дохили ҳавопаймо, дар музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд, иштирок намуданд.
Семинари мазкур аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба ва баландихтисоси Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саняи музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуда, мавзӯҳои рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва сохтори ҳушманди авиатсияи гражданӣ, идоракунии бехатарии авиатсионӣ, мусофиркашонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, бақайдгирӣ ва интиқоли бағоҷ, интиқоли борҳои хатарнок дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, одоби касбӣ ва хизматрасонии ҳайати парвозӣ, омӯзиши хизматрасонӣ ва маҳорати муошират дар дохили ҳавопаймо, бехатарӣ дар дохили ҳавопаймо дар ҳолатҳои фавқуллода ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар дохили ҳавопаймо дар ҳолати парвоз, мавриди омӯзиши иштироккунандагон қарор дода шуд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни семинар аз терминал ва ҳавопаймои таҷҳизонидашуда, биноҳои таълимии Коллеҷи касбӣ-сайёҳӣ ва авиатсионии шаҳри Саняи музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин шиносоӣ пайдо намуданд.