ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САҲМИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/09/2024 - 18:51
«Садоқат ба осмон»

03.09.2024     шаҳри Душанбе

     Соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тоза ёфта, ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар мақоми байналмилалиро гирифтанд ва имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи авиатсияи гражданӣ ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуда истодааст.
     Дар ин давра авиатсияи тоҷик ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад, ки ин пешравиҳо аз андешаи солими ватандӯстӣ ва миллатсозӣ, ҷасорату матонати сарварӣ ва дурбинии ҳакимонаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

     Кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди иҷтимоиву фарҳангӣ, бо баргузор намудани чорабиниҳои тантанавӣ таҷлил намуданд.
     Дар чорабинӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд, инчунин, намояндагони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), намояндагони соҳаи авиатсияи граждании давлати Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Эрон, Туркия, Маҷористон, намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, “Ют-Эйр”, “Сибирь”, “Туркиш Айрлайн”, “Вориш”, “Чайна Саузерн”, собиқадорони соҳаи авиатсия иштирок намуданд.
     Дар оғози чорабинии идона Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур баромад намуда, кулли ҳамватанон ва иштирокчиёнро бо 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ табрику муборакбод намуда, оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати пешрафти соҳаи авиатсияи миллӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин, саҳмгузорони соҳаро, ки дар рушду нумӯи авиатсияи кишварамон нақши муассир гузоштаанд ва имрӯз фаъолияти назаррас намуда истодаанд, бо Медали фахрӣ, Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ намуданд. Боиси тазаккур аст, ки намояндагони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) ва соҳаи авиатсияи граждании давлатҳои хориҷи кишвар, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, собиқадорони соҳа, кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар, ҷамъ - 1200 нафар намояндагони ин соҳа бо туҳфаҳои роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ сарфароз гардонида шуданд.
     Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ аз номи Сарвари давлат баромад намуда, тамоми кормандону собиқадорони соҳаи авиатсияи кишварро муборакбод намуда, корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” – Зайдуллоев Ашраф Суннатович, сарҳавонавардони ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” – Саидов Ибодулло ва Кулмухамедов Парвиз-ро бо “Медали шоиста” қадрдонӣ намуданд.
     Боиси зикр аст, ки бо ҳидояту дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба 53 нафар собиқадорони соҳа, ки аз кишварҳои хориҷ ташриф оварданд, чиптаи рафту омад дастрас гардида, муҳлати буду боши онҳо аз 4 то 12 рӯз дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.
     Меҳмонони ҷашнӣ, аз ҷумла собиқадорони соҳаи авиатсия, ки айни ҳол дар давлатҳои хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду давраи пирӣ меронанд, дар баробари иштирок намудан дар чорабиниҳои ҷашнӣ, инчунин, аз маконҳои зебою дилрабо ва таърихию фарҳангии кишварамон дидан намуда, ҷиҳати ба як кишвари ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистон, ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ояндасози мамлакат изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.
     Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ китоби ҷашниро бо номи “Садоқат ба осмон” нашр ва омода намуд, ки ба ҳар як иштирокчии чорабинии ҷашнӣ тақдим гардид.
     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва таърихию хотирмон баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ изҳори миннатдорӣ менамояд ва итминони комил дорад, ки бо дарки баланди масъулият ва саҳми арзанда дар рушди ин соҳа, минбаъд авиатсияи тоҷик дар миёни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хоси худро касб хоҳад кард.

Тоҷикӣ