Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои мусофирон дар вақти парвоз, бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷии дуру наздик, хусусан ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия (“Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, ЮТэйр” ва “Ямал”), ки парвозҳоро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонанд, корбарӣ намуда, пешниҳод намуд, ки дар хатсайрҳое, ки давомнокии парвозҳо зиёда аз 3.5 соат мебошад, мусофирон бо хӯроки гарм дар дохили ҳавопаймо таъмин карда шаванд.
Вобаста ба ин, дар асоси пешниҳоди Агентии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии болозикр давомнокии вақти парвозро ба инобат гирифта, омодагии худро вобаста ба таъмини мусофирон бо хӯроки гарм дар дохили ҳавопаймо иброз намуданд.
Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1 ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба масъулони хадамоти нозиротии фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки иҷрои масъалаи болозикрро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, аз натиҷааш мунтазам ба Агентӣ маълумот пешниҳод намоянд.















Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































