/ ҲУҶАТҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА

ҲУҶАТҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА

                                                                                                                                                                  Бо қарори Ҳукумати
                                                                                                                                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                                                                Аз 29 декабри соли 2017, № 596
                                                                                                                                                                         тасдиқ шудааст


                                                               Низомномаи Агентии авиатсияи граждании
                                                                    назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                             1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд —Агентӣ) мақоми идораи давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» таъсис дода шудааст.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кодекси фазои ҳавоӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи авиатсияи гражданӣ, санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нюомномаи мазкур дастури амал қарор медиҳад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, дигар мақомоти идораи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
                                                                            2. Вазифаҳли Агентӣ
4. Вазифаҳои Агентӣ иборатанд аз:
— амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо;
— таҳияи нақшаю барномаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии онҳо дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
— татбиқи сиёсати ҳавопаймоии ҳамоҳангшуда дар фаъолияти байиалмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
— таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои авиатсионӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, система ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи парвози ва техникии ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати авиатсионӣ;
— таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо вазорату идораҳо, мақомоти дигари идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;
— мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳдиди маҷмӯии фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— муқаррар, таъмин ва риояи меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, бехатарии авиатсионӣ;
— мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва рақобатпазирии корхонаҳои авиатсияи гражданӣ дар бозори байналмилалӣ  ва  дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
— мониторинги тарифҳо ва пардохтҳое, ки корхонаҳои авиатсионӣ меситонанд;
— таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳо ва шартномаҳои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои ҳавоӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии дигари марбут ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ бармеоянд;
— гузаронидани гуфтушунидҳо бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷа оид ба батанзимдарории парвозҳои тарафайн;
— анҷом додани фаъолияти сертификатсионӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
— намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар Созмони Байналмилалии Авиатсияи Гражданӣ (ИКАО), Кумитаи Байнидавлатии Авиатсионӣ (МАК) ва созмонҳои дигари авиатсияи гражданӣ.
                                                                           3. Ваколатҳои Агентӣ
5. Агентӣ тибқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ваколатҳои зеринро иҷро менамояд:
— назорати фаъолияти ташкилотҳо оид ба иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби фаъолияти авиатсияи граждан ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳо оид ба таъмини бехатарии парвозҳо, таҳлили амалияи истифодаи онҳо дар авиатсияи гражданӣ, назорати фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ташкилотҳои дигари дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунада;
— иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, ташаккул ва амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
— иштирок дар такмили системаи идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори корхонаҳои авиатсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ;
— андешидани тадбирҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои зиддиинҳисорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— асосноккунии эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ барои амалисозии барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва эҳтиёҷоти дигари давлатӣ;
— иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ, ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мазкур бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ;
— ташкили экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҳавоӣ, инчунин иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои байнисоҳавии маҷмӯӣ;
— амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ташкили гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, лоиҳавӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҳияи тавсияҳои созмонҳои соҳавии байналмилалӣ (байнидавлатӣ);
— пешбурди феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои гражданӣ, феҳристи давлатии фурудгоҳҳои гражданӣ, фурудгоҳҳои истифодаи муштарак, феҳристи давлатии истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ ва феҳристи шаҳодатномаҳои мутахассисони авиатсияи гражданӣ;
— таҳия ва интишори қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, стандартҳои соҳавӣ оид ба масъалаҳои иитиқоли мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта, иҷрои корҳои авиатсионӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ  ва  таъмири техникаи авиатсионӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва мавод тибқи тартиби муқарраргардида ва  назорати риояи ин талабот дар доираи салоҳияти худ;
— ташкили таъсиси хатҳои нави ҳавоӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва иштирок дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ;
— иҷозатномадиҳӣ бо додани иҷозатномаҳои нусхаи муқарраргардида барои фаъолияти зерин:
а) ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ;
б) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ;
в) фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳаракати ҳавоӣ;
г) фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо;
д) фаъолият оид ба таъмири ҳавопаймоҳо;
е) фаъолият оид ба истифодаи ҳавопаймоҳо дар соҳаҳои иқтисод;
ж) фаъолияти терминалҳои мусофирон ва борҳо;
— таҳияи қоидаҳои сертификатсия ва аттестатсия;
— сертификатсиякунонӣ бо додани сертификатҳои нусхаи муқарраргардида ба:
а) муассисаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсиониро анҷом медиҳанд ва таъмин менамоянд;
б) шахсони ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсиониро анҷом медиҳанд;
в) аэродромҳо ва фурудгоҳҳо;
г) марказҳои омузишии авиатсионӣ, ки мутахассисони сатҳи дахлдорро тибқи номгӯйи вазифаҳои ҳайати авиатсионӣ тарбия менамояд; 
д) ҳавопаймоҳо, дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда, муҳаррикҳои ҳавопаймоҳо, винтҳои ҳавопаймоҳо, таҷҳизоти ҳавопаймо ва заминӣ;
е) иншоот ва шахсони ҳуқуқии дигар, ки фаъолияти онҳо бевосита ба таъмини бехатарии парвозҳо, ҳавопаймоҳо ё бехатарии ҳавопаймоӣ  алоқаманд мебошад;
— сертификатсиякунонии таҷҳизот, иншоот, воситаҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, новобаста аз шакли моликияташон;
— ташкил ва бо тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандон ва ҳайати роҳбарикунандаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ;
— анҷомдиҳии аттестатсияи ҳайати авиатсионӣ;
— гузаронидани аккредитатсияи намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистои ба роҳ мондаанд;
— ташкили таҳияи талаботи сертификатсионӣ ба ҳолати саломатии мутахассисони авиатсионӣ;
— ташаккули бозори хизматрасонии нақлиёти дар нақлиёти ҳавоӣ, таизим ва муайян намудани интиқолдиҳандагони авиатсионӣ тибқи самтҳо;
— ташкил ва дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии иҷрои уҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояидагии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар созмонҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ;
— назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои авиатсияи гражданӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба танзими ҳолатҳои бӯҳронии вобаста ба забт ё рабудани ҳавопаймо ё амалҳои террористии ба  вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равонагардида якҷо бо мақомоти давлатии дигар иштирок намудан;
— ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор;
— ташкили комиссия оид ба таҳқиқоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавонаймоҳои ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, иичунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар доираи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
— ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулодда бо ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвозҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
— ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддии барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва аиҷомдиҳии чорабиниҳои таҳияи (эвакуатсионӣ) зарур;
— таҳияи хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии дохилӣ ва самтҳои ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ, минтақаҳои манъ ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавоӣ, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хат, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ);
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани низоми фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва фурудгоҳҳои барои парвозҳои байналмилалӣ бозбуда;
— додани иҷозат барои интиқоли борҳои хатарнок ва муқаррар намудани қоидаҳои интиқоли ҳавоии онҳо;
— мусоидат барои таъсис ва фаъолияти, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— якҷо бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки химатрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳуҷҷатҳои танзими фаъолият ҳангоми барасмиятдарории мусофирон, бағоҷ ва борҳоро танзим менамоянд;
— ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар авиатсияи гражданӣ, ки ба амалисозии вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ ва дигар иттилооти хизматӣ равона гардидааст;
— ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатии оморӣ дар авиатсияи гражданӣ;
— амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешбурд ва нигоҳдории махзани маълумоти соҳа, ташкили таъминоти иттилоотии авиатсияи гражданӣ.
                                                                             4. Ҳуқуқҳои Агентӣ
6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:
— барои истифодаи қисми фазои ҳавоии барои авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
— барои сохтмони (таҷдиди) объектҳое, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, розигӣ диҳад;
— назорати коршоямии воситаҳои техникӣ ва муҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷҳизоти заминии таъмини парвозҳо, кори мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
— тибқи тартиби муқарраргардида дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳа ва дархостҳои ҷамъбастии маблағгузори хароҷотро аз буҷети давлатӣ пешниҳод намояд;
— дар ҳалли масъалаҳои маблағгузории авиатсияи гражданӣ, барномаҳои мақсадноки байнидавлатӣ ва давлатии рушди он иштирок намояд;
— модификатсияҳои ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
— тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои анҷомдиҳии фаъолият дар авиатсияи гражданӣ иҷозатнома диҳад, амали онҳоро дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо боздорад ё бекор кунад, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба андозаҳои пардохтҳо ва боҷҳое, ки аз интиқолдиҳандагони хориҷии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифодабаранда ситонида мешаванд, пешниҳодҳо ворид намояд;
— фаъолияти сертификатсиониро анҷом диҳад, шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ  таҳия гардидаанд, таҳия ва ҷорӣ намояд;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амали шаҳодатномаҳои истифодабарандагон, сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд, онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— бо мақомоти давлатии ваколатдори давлатҳои дигар квотаҳои анҷомдиҳии ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ  ва  шартҳои иҷрои онҳоро мувофиқа намояд;
— ҳавопаймоиро ба сифати интиқолдиҳандагони ҳавоӣ дар самтҳои муқарраршуда барои иҷрои шартҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ  таъин ва озод намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ иҷозат диҳад;
— ҳолати қобили кор будани ҳайати авиатсиониро тибқи талаботи тахассусии дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда арзёбӣ намояд, инчунин
шаҳодатномаҳои ҳайати авиатсиониро, ки дигар давлатҳо додаанд, баррасӣ ва эътироф намояд;
— санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо, инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад, тибқи тартиби муқарраргардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданиро оид ба риояи Қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳо андешад;
— санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояид, амалӣ намояд;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешииҳод намояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва ба бехатарни парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд;
— аз корхонаҳои авиатсионӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони дигари фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда зарурро гирад;
— доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии корхонаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, таклифҳо пешниҳод намояд;
— нашрияҳо таъсис диҳад, фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад;
— конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо гузаронад, доир ба масъалаҳои такмил ва рушди авиатсияи гражданӣ намоишгоҳҳо ташкил намояд;
— оид ба лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии дигари мансуб ба манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ хулоса диҳад;
— Агентӣ метавонад ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
                                                                            5. Ташкили фаъолият
7. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Директори Агентӣ роҳбарии соҳаи фаъолияти ба зиммаи ӯ гузошташударо дар асоси яккасардорӣ анҷом медиҳад ва барои иҷрои вазифаю функсияҳои ба зиммаи Агентӣ вогузошта масъулияти шахсӣ дорад.
Директори Агентӣ муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории Агентӣ аз раёсатҳо ва шуьбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ иборат мебошанд.
8. Директори Агентӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
— роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ намуда, кори онро ташкил менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ  ва  шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба имзо мерасонад;
— низомномаҳои раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентиро тасдиқ менамояд;
— нақшаи корӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтори Агентиро тасдиқ менамояд;
— ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар бобати таъмиии маблағгузории фаъолияти Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии дар сохтори Агентӣ қарордоштаро пешниҳод менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси озмун мутахассисони дорои таҳсилоти асосии авиатсиониро ба Агентӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, дастурамалҳои вазифавии онҳоро тасдиқ менамояд;
— уҳдадориҳо, доираи ваколатҳоро муайян менамояд ва дараҷаи масъулияти роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентиро муқаррар мекунад;
— фармоишҳо ва дастурҳо интишор менамояд, ки иҷрои он аз ҷониби кормандоии Агентӣ, инчунин ҳамаи субъектҳои авиатсияи граждаиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад;
— тибқи тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи хизматнишондодаро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
— ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
9. Низомнома, сохтор, нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандон Агентӣ, инчунин тартиби ҷойгиркунӣ ва маблағгузории Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд.
10. Кормандони Агентӣ уҳдадоранд сатҳи тахассусии худро, ки барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои вазифавии худ зарур аст, нигоҳ доранд.
11. Мутахассисони Агентӣ аз ҳама имтиёзҳое, ки дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, баҳраманд мебошанд.
12. Мутахассисони Агентӣ бо мақсади гузаронидани назорат ва мониторинг ҳуқуқ доранд, ки ба ҳудуди корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти идентификатсионии намунаи байналмилалӣ ворид гарданд.
13. Барои назорати парвозҳои истифодабарандагон ва иҷрои талаботи қоидаҳои парвоз ва ҳуҷҷатҳои дигари танзимкунандан кори
парвоз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистои амал мекунанд, мутахассисони Агентӣ ҳуқуқ доранд ба супоришҳои парвозҳо бо риояи талаботи муқарраргардида ворид карда шаванд.
14. Дар Агентӣ комиссияи олии тахассусӣ таъсис дода шуда, он тибқи низомномае, ки директори Агентӣ тасдиқ менамояд, амал мекунад.
15. Мутахассисони Агентӣ ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатнома ва либоси махсус дошта бошанд, ки намуна ва муҳлати додани онҳо аз ҷониби директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.
16. Агентӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз молу мулк ва биноҳои хизматии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вобастакардашуда истифода мебарад.
17. Агентӣ баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ, инчунии ҳисоботи омориро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад.
18. Директори Агентӣ комиссияи таҳқиқоти ҳодисаҳо ва воқеаҳои авиатсиониро роҳбарӣ менамояд.
19. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва номи худ, инчунин штампҳо, бланкҳо ва суратҳисоб дар низоми хазинадорӣ мебошад.
20. Сурогаи ҳуқуқии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, 14.
                                                                 Сохтори Агентии авиатсияи граждании
                                                                  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати назорат
3. Раёсати танзим ва стандартҳо
4. Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ
5. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
6. Шуъбаи молия ва иқтисод
7. Шуъбаи коргузорӣ