/ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

                                                                                                                 НИЗОМНОМАИ             
                                                                                               ШУЪБАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
                                                                                                         1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (минбаъд — низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад.
2) Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (минбаъд — шуъба) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти шуъбаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ роҳбарӣ менамоянд.
                                                                                                2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
4) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба чор нафар кормандон фаъолият менамоянд:
— сардори шуъба;
— сармутахассис;
— мутахассиси пешбар;
— мутахассис.
5) Шуъбаро сардори он роҳбарӣ менамояд ва аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз руи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад.
6) Сармутахассис, мутахассиси пешбари, ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
7) Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                                          3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
8) Лоиҳаи шартнома, созишнома ва протоколҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавиро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
9) Таҳияи лоиҳаи шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалии соҳаи авиатсия.
10) Назорати татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
11) Дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байииҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояидагии Агентӣ дар созмонҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ.
12) Назорати риояи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ.
13) Таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои Агентӣ дар ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ.
14) Таҳияи барномаҳои муштарак вобаста ба фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир.
15) Намояндагӣ намудани Агентӣ ва ҳифзи манфиатҳои он дар Созмони Байналмилалии Авиатсияи Гражданӣ (ИКАО), Кумитаи Байнидавлатии Авиатсионӣ (МАК) ва созмонҳои дигари авиатсияи гражданҳ.
16) Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти дигар раёсату шуъбаҳои Агентӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, гузаронидани конференсия, семинар, сафарҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ.
17) Барои баланд гардидани саҳми Агентӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
18) Мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсия гражданӣ.
19) Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба самти шуъба баррасӣ намуда, ҳалли саривақтӣ ва беғаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикргардидаро амалӣ менамояд.
20) Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданиро муайян менамояд.
21) Дар чорабиниҳо, маросимҳои расмӣ ва таҷлили ҷашнҳои идонаи сафорат ва созмонҳои байналмилалӣ тибқи супориши роҳбарият намояндагӣ мекунад.
22) Дар доираи салоҳияти шуъба барои беҳбудии фаъолияти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод омода месозад.
                                                                                                            4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА
23) Шуъба тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Директор дар доираи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бо мақомотҳои давлати кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии сощаи авиатсияи гражданӣ ҳамкорӣ менамояд.
24) Барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба мутахассисони соҳибтаҷриба ба коршиносони соҳаро ҷалб менамояд.
25) Дар ҳамкорӣ бо сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ барои беҳбудии фаъолияти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур менамояд.
26) Барои беҳтар гардидани сифати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар назди роҳбарияти Агентӣ масъалагузорӣ мекунад.
                                                                                                         5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
27) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
28) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани азнавташкилдиҳии шуъба ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи шуъба мегарданд, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.