/ РАЁСАТИ СТваИ

РАЁСАТИ СТваИ

                                                                                                    НИЗОМНОМАИ
                                                                                РАЁСАТИ ТАНЗИМ ВА СТАНДАРТҲОИ АГЕНТИИ
                                                                                  АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
                                                                                             ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                                                                             1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи Раёсати танзим ва стандартҳо (минбаъд — низомномаи раёсат) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти раёсатро ба танзим медарорад.
2) Раёсати танзим ва стандартҳо (минбаъд — раёсат) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти раёсатро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ роҳбарӣ менамоянд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро раёсат танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                     2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ РАЁСАТ
5) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори раёсат нӯҳ нафар кормандон фаъолият менамоянд:
Сардори раёсати танзим ва стандартҳо
Шуъбаи танзими парвозию техникӣ
1. Сардор
2. Сармутахассис
3. Мутахассиси пешбар
4. Мутахассис
Шуъбаи танзими фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳӣ
1. Сардор 
2. Сармутахассис
3. Мутахассиси пешбар
4. Мутахассис
6) Раёсатро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори раёсат аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда масъул мебошад.
7) Сардори раёсат, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон сохтори раёсатро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8) Сардори раёсат тамоми фаъолияти кори раёсатро роҳбарӣ намуда, аз номи раёсат баромад менамояд.
                                                                              3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ РАЁСАТ
9) Вазифаҳои Раёсати танзим ва стандартҳо иборатанд аз:
— амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоҳ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо;
— таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи парвози ва техникии ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати авиатсионӣ;
— лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиатсияи гражданиро муайян мекунанд, таҳия менамояд ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла амали гардидани санадҳо оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва истифодаи онҳоро дар авиатсияи гражданӣ, фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва дигар муассисаҳои дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунадаро таҳлил мекунад;
— дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд;
— ворид намудани пешниҳодҳо оид ба акредитатсияи намояндаҳои ташкилотҳои хориҷӣ, ба вуҷуд омадани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, стандартҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор менамояд, инчунин дар доираи салоҳияти худ назорати риояи ин талаботро анҷом медиҳад;
— тибқи тартиби муқарраргардида таъсиси хатҳои нави ҳавоиро ташкил менамояд ва дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ ширкат менамояд;
— қоидаҳои сертификатсия ва аттестатсияро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
— додани сертификати намунааш муқарраргардидаро ба амал мебарорад:
— ширкатҳо ва корхонаҳои соҳибкорие, ки бо фурӯши ҳамлу нақлиҳавоӣ машғуланд;
—аттестатсияи ҳайати ҳавопаймоӣ ва кормандони роҳбарикунандаи истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ;
— таҳияи талаботи сертификатсиониро ба ҳолати саломатии мутахассисони ҳавопаймоӣ ташкил менамояд;
— бозори хизматрасонии нақлиётиро дар нақлиёти ҳавоӣ ташаккул медиҳад ва интиқолдиҳандагони ҳавопаймоиро тибқи самтҳо танзим ва таъин менамояд;
— хатҳои ҳавоӣ, хатсайрҳои ҳавоии дохилӣ ва самтҳои ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ, минтақаҳои манъ ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавоӣ, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хатсайр, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ)-ро таҳия менамояд;
— тартиби фурудгоҳҳо ва аэродромҳое, ки барои парвозҳои байналмилалӣ кушода шудаанд, муқаррар менамояд;
— якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ алоқамандӣ доранд, ҳуҷҷатҳои танзими фаъолият ҳангоми барасмиятдарории мусофирон, бағоҷ ва борҳоро таҳия менамояд.
— таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби фаъолияти авиатсияи граждан ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида;
— иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, ташаккул ва амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
— иштирок дар такмили системаи идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори корхонаҳои авиатсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ;
— иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ, ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мазкур бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ;
— пешбурди феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои гражданӣ, феҳристи давлатии фурудгоҳҳои гражданӣ, фурудгоҳҳои истифодаи муштарак, феҳристи давлатии истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ ва феҳристи шаҳодатномаҳои мутахассисони авиатсияи гражданӣ;
— ташкили таъсиси хатҳои нави ҳавоӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва иштирок дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ;
— иҷозатномадиҳӣ бо додани иҷозатномаҳои нусхаи муқарраргардида барои фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ.
— сертификатсиякунонӣ бо додани сертификатҳои нусхаи муқарраргардида ба:
а) муассисаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсиониро анҷом медиҳанд ва таъмин менамоянд;
б) шахсони ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсиониро анҷом медиҳанд;
в) аэродромҳо ва фурудгоҳҳо;
г) марказҳои омӯзишии авиатсионӣ, ки мутахассисони сатҳи дахлдорро тибқи номгӯйи вазифаҳои ҳайати авиатсионӣ тарбия менамоянд;
д) ҳавопаймоҳо, дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда, муҳаррикҳои ҳавопаймоҳо, винтҳои ҳавопаймоҳо, таҷҳизоти ҳавопаймо ва заминӣ;
е) иншоот ва шахсони ҳуқуқии дигар, ки фаъолияти онҳо бевосита ба таъмини бехатарии парвозҳо, ҳавопаймоҳо ё бехатарии ҳавопаймоҳ алоқаманд мебошад;
— сертификатсиякунонии таҷҳизот, иншоот, воситаҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, новобаста аз шакли моликияташон;
— анҷомдиҳии аттестатсияи ҳайати авиатсионӣ;
— гузаронидани аккредитатсияи намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд;
— таҳияи хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии дохилӣ ва самтҳои ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ, минтақаҳои манъ ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавоҳ, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хат, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоҳ (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ);
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани низоми фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва фурудгоҳҳои барои парвозҳои байналмилалӣ бозбуда;
— мусоидат барои таъсис ва фаъолияти, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
— баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ дар самтҳои рушд ва вазифаҳои он;
— ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
— таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии техникӣ ва парвозии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати ҳавопаймоӣ;
— ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои агентӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
— мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— татбиқи сиёсати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳлили маҷмӯи фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— муқаррар намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ;
— мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва рақобатпазирии корхонаҳои авиатсияи гражданӣ дар бозори байналмилалӣ ва дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
— комиссияи олии тахассусӣ (КОТ) мутобиқи низомномаи аз тарафи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ташкил карда мешавад;
— мутахассисони Раёсати танзим ва стандартҳо дорои шаҳодатномаи махсусе, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, мебошанд.
— мутахассисони Раёсати танзим ва стандартҳо ҳуқуқ доранд, ки дорои либоси расмии махсус бошанд, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати истифодабарии он аз тарафиАгентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Низомнома дар бораи пӯшидани либоси расмии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасдиқ гардидааст;
— ба мутахассисони Раёсати танзим ва стандартҳо ҳамаи имтиёзҳои дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда таалуқ дорад.
— кормандони Раёсати танзим ва стандартҳо ӯҳдадоранд, ки барои самаранокии иҷроиши вазифаҳои худ, сатҳи дониши худро такмил диҳанд.
— дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Раёсати танзим ва стандартҳо дар марказҳои таълимӣ, макотиботҳои олӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо пардохт намудани корҳои баанҷомрасонида аз тарафи ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— иҷроиши ӯҳдадориҳои хидматӣ оид ба мониторинги бехатарии парвозҳои истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва хадамотҳое, ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмин менамояд, иҷроиши талаботҳои қоидаҳои парвоз ва дигар санадҳои меъёрие, ки корҳои парвозӣ ва фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳанд, мутахассисони Раёсати танзим ва стандартҳо дар дохили ҳавопаймо новобаста аз будани нозири тафтишкунандаи ширкатҳо ва корхонаҳои авиатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар супориш барои парвоз навишта мешаванд.
                                                                                     4. ҲУҚУҚҲОИ РАЁСАТ
10) Раёсати танзим ва стандартҳо ҳуқуқ дорад:
— тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои анҷомдиҳии фаъолият дар авиатсияи гражданӣ иҷозатнома диҳад, амали онҳоро дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо боздорад ё бекор кунад, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба андозаҳои пардохтҳо ва боҷҳое, ки аз интиқолдиҳандагони хориҷии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифодабаранда ситонида мешаванд, пешниҳодҳо ворид намояд;
— фаъолияти сертификатсиониро анҷом диҳад, шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, таҳия ва ҷорӣ намояд;
— ҳавопаймоиро ба сифати интиқолдиҳандагони ҳавоӣ дар самтҳои муқарраршуда барои иҷрои шартҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ таъин ва озод намояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ иҷозат диҳад;
— ҳолати қобили кор будани ҳайати авиатсиониро тибқи талаботи тахассусии дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда арзёбӣ намояд, инчунин:
а) шаҳодатномаҳои ҳайати авиатсиониро, ки дигар давлатҳо додаанд, баррасӣ ва эътироф намояд;
б) аз корхонаҳои авиатсионӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони дигари фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда зарурро гирад;
— барои истифодаи қисми фазои ҳавоии ба авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
— шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
— пешниҳодҳоро оид ба таъин ва хориҷ намудани ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳайси иштирокчии ҳамлу нақли бозори ҳавоӣ ҷиҳати иҷроиши шартҳои созишномаи байниҳукуматӣ муқарраргардида ворид намуда, тибқи тартиби муқаррарардида барои иҷрои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ иҷозат диҳад;
— санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмибударо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
— конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо гузаронад, доир ба мушкилиҳои такмилдиҳӣ ва рушди авиатсияи гражданӣ намоишгоҳҳо ташкил диҳад;
— дорои дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мебошад.
                                                                                       5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11) Низомномаи раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани азнавташкилдиҳии раёсат ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи раёсат мегарданд, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                                  НИЗОМНОМАИ
                                                                                ШУЪБАИ ТАНЗИМИ ПАРВОЗИЮ ТЕХНИКИИ
                                                                                           1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи шуъбаи танзими парвозию техникӣ (минбаъд - низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад.
2. Шуъбаи танзими парвозию техники Раёсати танзим ва стандартҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шуъба) зерсохтори Раёсати танзим ва стандартҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Фаъолияти шуъбаро сардори раёсат роҳбарӣ менамоянд.
4. Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро шуъба танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                   2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
5. Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 4 нафар кормандон фаъолият менамоянд:
- сардори шуъба;
- сармутахассис;
- мутахассиси пешбар;
- мутахассис;
6. Шуъбаро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад.
7. Сардори шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8. Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                                  3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
9. Вазифаҳои шуъба иборатанд аз:
— амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъи хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
— таҳияи нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти шуъба марбут мебошанд ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
— татбиқи сиёсати ҳавопаймоии ҳамоҳангшуда дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи авиатсионӣ оид ба стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо ва система ва воситаҳои таъмини парвозҳо;
— таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи парвозӣ ва техникии ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати авиатсионӣ;
— таҳлили маҷмӯии фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бозори байналмилалӣ ва дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
— таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳо ва шартномаҳои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои ҳавоӣ, инчунин дигар шартномаҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти шуъба бармеоянд;
— анҷом додани фаъолияти сертификатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба фаъолияти шуъба дахл доранд;
— таҳия ва такмили санадҳои меъёрӣ ва лоиҳаҳои қонунгузории авиатсионӣ марбут ба фаъолияти шуъба;
— мониторинги муҳлати муқарраргардидаи истифодабарии воситаҳои техникӣ, таҷҳизотҳоро дар қисмати фаъолияти функсионалӣ;
                                                                                                     4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА
10. Шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:
— модификатсияҳои ҳавопаймоҳои гражданӣ ва санҷиши ҳатмии онҳоро тасдиқ намояд;
— фаъолияти сертификатсиониро вобаста ба фаъолияти шуъба анҷом диҳад, шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, таҳия ва ҷорӣ намояд;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро дар хориҷи кишвар мавриди санҷиш қарор дода, эътироф менамояд;
— фаъолияти марказҳои омӯзиширо, ки ба омода намудани кадрҳо дар бахши парвозию техникӣ машғул мебошанд, дар хориҷи кишвар мавриди санҷиш қарор дода, эътироф менамояд;
— сертификатсияи марказҳои омӯзишии авиатсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амали шаҳодатномаҳо, сертификатҳои истифодабарандагонро боздорад, додани онҳоро рад намояд, онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— бақайдгирӣ ва азқайдбарории ҳавопаймоҳоро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— иҷозат барои таҷҳизоти радиоӣ;
— бақайдгирӣ ва азқайдбарории ҳавопаймоҳои бесарнишинро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— додани шаҳодатнома оид ба сатҳи садои ҳавопаймоҳоро амалӣ менамояд;
— додани таъинотро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба сифати интиқолдиҳандагони ҳавоӣ дар самтҳои муқарраршуда барои иҷрои шартҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ таҳлил намуда, ба роҳбарият пешниҳод менамояд;
— санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмибударо таҳия менамояд ва барои тасдиқ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва ба бехатарии парвозҳо таъсир мерасонанд, ҷиҳати бекор намудан ба роҳбарият пешниҳод менамояд;
— аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ва зарурбударо гирад;
— пешниҳоди хулоса оид ба лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ба манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва шуъба мансубдошта;
— тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳудуди корхонаҳои зертобеъ ҷиҳати иҷроиши уҳдадориҳои мансабӣ ворид гардад;
— шуъба метавонад тибқи талаботи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, дигар ҳуқуқҳоро амалӣ намояд.
                                                                                      5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11. Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағир ёфтани азнавташкилдиҳии шуъба ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи шуъба мегарданд, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                               НИЗОМНОМАИ
                                                                        ШУЪБАИ ТАНЗИМИ ФУРУДГОҲҲО,АЭРОНАВИГАТСИЯ
                                                                                        ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ
                                                                                       1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи шуъбаи танзими фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳии (минбаъд - низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад.
2) Шуъбаи танзими фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳӣ (минбаъд - шуъба) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти шуъбаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ, сардори раёсат роҳбарӣ менамоянд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро шуъба танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
5) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 4 нафар кормандон фаъолият менамоянд:
сардори шуъба
сармутахассис
мутахассиси пешбар
мутахассис
6) Шуъбаро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад.
7) Сардори шуъба, сармутахассис, мутахассисони пешбар ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8) Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                              3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
9) Вазифаҳои шуъба иборатанд аз:
— таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
— ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои Агентӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
— татбиқи сиёсати Агентӣ дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— дурнамои рушди фурудгоҳҳо, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— муқаррар намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ.
— мониторинги баамалбарории корҳои бехатарии авиатсионӣ, илмию техникӣ, стандартҳо, пешниҳодҳои ташкилотҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва фаъолияти амалии онҳо;
— таҳия ва такмили санадҳои меъёрӣ ва лоиҳаҳои қонунгузории авиатсионӣ;
— бо назардошти тавсияи ташкилотҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО, ИАТА) муайян намудани сатҳи хизматрасонӣ оид ба корҳои бехатарии авиатсинӣ дар фурудгоҳҳо;
— таъмини бехатарии ҳамлу нақли ҳавоӣ, инчунин сифатан омодабоши бехатарии авитсианӣ дар таҷҳизотҳои фурудгоҳӣ;
— иштирок дар таҳияи талаботи сертификатсионӣ барои тайёр намудани мутахассисони авиатсионӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
— дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор омода намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои фаъолияти фурудгоҳӣ ва бехатарии авиатсионӣ;
— мониторинги иҷрои корҳои сохтмони терминалҳо дар фурудгоҳҳо оид ба хизматрасонии мусофирон ва коркарди борҳоро анҷом медиҳад;
— расонидани талаботи ҳуҷҷатҳои ИКАО, ИАТА, МАК ва тағйироту иловаҳо ба корхонаҳои авиатсионӣ;
— мониторинги мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарии воситаҳои техникӣ, таҷҳизотҳоро дар қисмати фаъолияти функсионалӣ;
— мониторинг оид ба корҳои бехатарии авиатсионӣ дар муҳлати зарури дар қисмати фаолияти функсионалӣ.
                                                                                            4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА
10) Шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:
— таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи авиатсияи гражданӣ.
— аз корхонаҳои зерсохторҳои Агентӣ маълумоти заруриро талаб намояд.
— барои беҳбудии кормандони шуъба ба Директори Агентӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
— додани дастур ва супоришҳо ба ҳамаи кормандони фурудгоҳҳо оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ, ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ;— пешниҳод ба Комиссия оид ба гирифтани сертификатсияи фурудгоҳҳо дар ҳолати иҷро накардани меъёрҳо ва қоидаҳои авиатсионӣ;
— тибқи тартиби муқарраргардида кормандоне, ки фаъолияти хуб доранд, ба мукофонидани унвонҳои давлатӣ пешниҳод намояд.
                                                                                        5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани азнавташкилдиҳии шуъба ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи шуъба мегарданд, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.