/ ИЗҲОРОТ

ИЗҲОРОТ


Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат паҳншавии бемории сироятии CОVID-19 мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки бо хурӯҷи босуръати вируси сироятии CОVID-19 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ бемории сироятии мазкурро пандемия эълон намуд ва дар ин асос аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони давлатњои худ парвозҳои байналмилалиро то беҳ гардидани вазъият қатъ намуданд. 

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 марти соли 2020 аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз/ба Федератсияи Россия то беҳ гардидани вазъият муваќқатан ќатъ карда шудааст. 

Бояд ќайд кард, ки дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма хабарњое паҳн гардидааст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд. 

Ин хабарњо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозњои мунтазами байналмилалї байни ду кишвари болозикр танњо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии љониби маќомотњои ваколатдори давлатї амалї карда мешавад.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозањое, ки асоси воќеї надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи њавопаймої то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

Бори дигар огоњ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалї аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танњо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешаванд.


Маъмурияти ААГ