Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Бо даъвати роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми моҳи майи соли 2025 дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Арзёбии таҳдидҳо” ва “Фарҳанги бехатарии авиатсионӣ” аз ҷониби нозирони Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ЕСАС), коршиносони беҳтарин дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ЕСАС аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон баргузор гардида истодааст.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 13 майи соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохурии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин – Дуан Сяофенг, Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ – Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин - Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин - Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷор
Забони мавод
Тоҷикӣ
Ҳамватанони азиз!
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!
Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.
Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 80-солагии Рӯзи ғалабаро ба Шумо ҳамкасбони азиз ва кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба ҳамаи Шумо хонаи обод ва фазои орому осуда таманно менамояд.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 3-7 марти соли 2025 курси омӯзишӣ аз рӯи Лоиҳаи CASE II дар мавзӯи “Омодакунии аудиторони миллӣ – дараҷаи I” бо иштироки мутахассисони пуртаҷриба аз Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ECAC) Александр Янков – коршинос дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ECAC, собиқ директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Булғористон, Рустам Кабанбаев – саринспектори Департаменти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон, коршинос дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ECAC, мутахассисони соҳавии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин курси омӯзишӣ ин баланд бардоштан ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вақти гузаронидани курси омӯзишии мазкур аз ҷониби иштироккунандагон нуқтаҳои муоинаи пешазпарвозии мусофирон дар фурудгоҳи кишвар боздид карда шуд.
Умедворем, ки гузаронидани ин курсҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳа дар самти бехатарии авиатсионӣ ва ба ин васила таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ва рушди авиатсияи гражданӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории семинар.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Соҳаи авиатсияи граждании кишвар сол аз сол бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст.
Санаи 15-уми апрели соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Бостонов Данияр ва Директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди доир гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 7 апрели соли 2025 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Маликзода Аслиддин дар Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress-2025), ки дар шаҳри Абӯ Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи сеюми моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишварамон ташрифи ҳайати ширкати сармоягузории “Air Dynamic Solutions” - и Амороти Муттаҳидаи Араб ба хотири омӯзиши фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст.
Боиси хушнудист, ки рӯз аз рӯз вохӯриҳои судманд ва ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании кишвар бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёд шуда истодааст.
Акс аз ҷараёни баргузорӣ.
https://aimcongress.com/
https://www.facebook.com/AIMCongress
Забони мавод
Тоҷикӣ
Санаи 31 марти соли 2025 вохӯрӣ байни Муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” Ван Чжэн ва Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло баргузор гардид.
Забони мавод
Тоҷикӣ
“Дар давоми солҳои охир соҳаи авиатсияи граждании мамлакат мувофиқи талаби замон пеш рафт ва ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфт”.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рафту омади осони шаҳрвандон, рушди соҳаи сайёҳӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинони мамлакат мерасонад, ки аз санаи 15 апрели соли 2025 кушодашавии хатсайри мунтазам дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар, аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “CNENGDU Airlines” ба нақша гирифта шудааст.
Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба, рӯзҳои сешанбе, соати 0905 амалӣ шуда, давомнокии парвоз 2 соату 40 дақиқаро дар бар мегирад.
Забони мавод
Тоҷикӣ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоишта таманно дорад.
Ҷашни миллӣ муборак, Тоҷикистони азиз!
Забони мавод
Тоҷикӣ
Саҳифаҳо