Вохӯрии директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Латвия, муовини вазири нақлиёт - Уилдс Рейманис
Санаи 7 декабри соли 2023 дар Агентии авиатсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Латвия муовини вазири нақлиёт - Уилдс Рейманис баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - Сайдализода Шоира, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фируз Маҳмудов ва аз ҷониби вазорати нақлиёти Латвия - Елина Стродана иштирок доштанд.