ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/20/2024 - 15:55

Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ муовини Директори Агентӣ Набизода Азиз Абдусамад аз ҷумла қайд намуданд:
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки тайи чанд сол инҷониб бо ибтикори бевоситаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз бо оламе орзуву ормон, хушбахтӣ ва шодию тараб ба дари кошонаҳои мо омадаасту зиндагии нав ва дур аз дарду ранҷро ба армуғон овардааст.Омадани Наврӯз ҳамеша пайки шодию нишот ва таҳаввулу таҳвилро ба ҳамроҳ доштааст. Аз ин рӯ, ҷашни Наврӯз танҳо оғози соли нав нест, балки шурӯи зиндагии нав низ ҳаст.
Ҳамкасбони азиз. Ҳамаи шуморо ба муносибати иди пирӯзӣ, баҳориву меросии ниёгон, рӯзи нахустини соли нав, баробарии шабонарӯзии баҳорӣ, рӯзи расидани Офтоб ба нуқтаи аввали моҳи Ҳамал, рӯзи нахустини Фарвардинмоҳ, Ҳурмуздрӯз, рӯзи бино кардани тахти Ҷамшед ва офариниши Одаму олам, рӯзи офариниши нур, рӯзи додгарӣ ва адолат, рӯзи вусъат ёфтани замин ва аз нав тавлид шудани тамоми мавҷудот, рӯзи хайру саховат ва дуркунандаи кинаҳо аз синаҳо, рӯзи пешкаши ҳадя ва ифодаи орзую омол ва умедҳои нек, рӯзи лутфу меҳрубониҳо ва шодию шодмонӣ, рӯзи суруру суруд, рӯзи озодию ободӣ ва гуворосозии зиндагӣ, рӯзи саодату баракат ва муждаи тоза ва нав, рӯзи хушбахтиву хушнудӣ ва барору комёбиҳо ва иди ҷаҳонии Наврӯзи мардуми тоҷику форс муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори фаровон ва пирӯзию хушиҳо таманно дорем. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба зиндагиятон рангу таровати тоза бахшида, ба Шумо тансиҳатию саодатмандии рузгорро ҳадя биёварад. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 сола доранд ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.
Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва хусусиятҳои вижаи худ, ки некию накӯкорӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст. Таманнои онро дорем, оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шӯълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.
Бигузор Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳонияш, бо русуми аҷдодияш, қалбатонро пурнур, шаҳомати бахту зиндагиатонро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад.
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад.

Тоҷикӣ

Меню: