Созишномаҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 02/28/2024 - 10:36

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, давоми соли 2023 лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Финландия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сингапур, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Мисри Араб ва Литва таҳия шуда, ба баррасии ҷонибҳо пешниҳод шуданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2023 таъкид гардид.

Ба иттилои роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании мамлакат, ҳадаф аз тавсеаи ҳамкорӣ бо мақомоти авиатсионии кишварҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, рушди соҳаи авиатсияи ватанӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзоиш додани хатсайрҳои байналмилалӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, соли 2023 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Чин оид ба бунёди муштараки «Роҳи абрешими ҳавоӣ» ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия ба имзо расонида шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки ҳоло дар доираи ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо 28 кишвари ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидаанд. Ин созишномаҳо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Узбекистон, давлатҳои Осиё — Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Корея, Салтанати Уммон ва кишварҳои Аврупо — Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркияро дар бар гирифтаанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: https://khovar.tj/2024/01/nishasti-matbuot-sozishnoma-oi-bajnalmilal-dar...

Тоҷикӣ

Меню: