ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 03/07/2024 - 15:55

     Бахшида ба Рӯзи Модарон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.
     Сафарзода Дилшод Файзалӣ-Директори Агентӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахуст устоди инсон  буда, пос доштани иззату эҳтироми модар, заҳмату бедорхобиҳои модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати кишвар ба мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, ки мавқеъ ва нақши занони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст.
     Солҳои соҳибистиқлолии кишвар баробарҳуқуқии занону мардон ва дар соҳаи муносибати гендерӣ  пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Занон кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад.  Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зан –модари тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани насли наврас бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста дошта, неруи бузурги пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳар давру замон буд, ҳаст ва мемонад.
     Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тоҷикӣ