Созишномаҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, давоми соли 2023 лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Финландия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сингапур, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Мисри Араб ва Литва таҳия шуда, ба баррасии ҷонибҳо пешниҳод шуданд.