Набизода Азиз Абдусамад
Аз 9 феврали соли 2018 дар мансаби Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд: 24 июни соли 1964
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1990 омузишгоҳи олии ҳавонавардии авиатсияи граждании шаҳри Кировогради Украинаро хатм кардааст
Ихтисос: муҳандиси идораи ҳаракати ҳавоӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вазъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2001 - Муназзими аршади маркази ноҳиявии идораи ҳаракати ҳавоӣ
Солҳои 2001-2004 - Мутахассиси пешбарандаи шуъбаи фурудгоҳҳо ва аэронавигатсияи департаменти авиатсияи гражданӣ
Солҳои 2004-2005 - Муовини сардори раёсати сертификатсияи фурудгоҳҳо ва истифодаи фазои ҳавоӣ
Солҳои 2005-2007 - Сардори раёсати сертификатсияи фурудгоҳҳо ва истифодаи фазои ҳавоӣ
Солҳои 2007-2008 - Сардори шуъбаи фурудгоҳҳо ва истифодаи фазои ҳавоӣ
Солҳои 2008-2011 - Сардори сарраёсати авиатсияи гражданӣ
Солҳои 2011-2012 - Сармутахассиси Раёсати истифодабарии фазои ҳавоии Сарраёсати авиатсияи гражданӣ
Солҳои 2012-2015 - Муназзими бахши шаҳрвандии маркази асосии низоми ягонаиташкили ҳаракати ҳавои (БШМАНЯТҲҲ) КВД «Тоҷикаэронавигатсия»
Солҳои 2015-2018 - Танзимгари калони БШМАНЯТҲҲ КВД «Тоҷикаэронавигатсия»
Аз 9 феврали соли 2018 то ҳол - Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































