Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Валихан Туреханов Суюунчалиев ва намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Азизмуродова Аниса доир гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ аз ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд. Сафири Қазоқистон қайд намуданд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду кишвар мебошад ва дар солҳои охир пешравиҳои зиёде дар ин самт ба чашм мерасад. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Астана - Душанбе - Астана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба «Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана» аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки дар оянда низ робитаҳои судманд боз ҳам густариш дода шавад.