+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин
Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор Дар бораи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи корхона ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.
ДУСТДОРИИ ВАТАН АЗ ТАЪРИХ САРЧАШМА МЕГИРАД
Дар толори маҷлисгоҳи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентӣ - Набизода Азиз Абдусамад, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ - Шарифзода Абдувалӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва кормандони Агентӣ ҷаласа оиди омӯзиши китоби "Тоҷикон" доир гардид.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.
Суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар паёми навбатии Президенти мамлакат нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, дастоварду пешравиҳои дар ҳафт соли охир ноилшудаи кишвар, бахусус, дар соли 2023 баён гардида, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд, ки барои соли 2024 ва солҳои минбаъда вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Имконияти интиқоли маҳсулотҳои кишоварзии зудвайроншаванда ба воситаи хатсайри ҳавоӣ
Санаи 15 январи соли 2024 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Директор Набизода Азиз, сардори шуъбаи танзими парвозию техникӣ Шарипов Зиёдулло ва сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ Толибов Мустафо бо муовини роҳбари Лоиҳаи Рушди Деҳот тавассути муносибатҳои рушди бозоргони USAID Сабоҳат Дӯстова ва Саломова Тахмина мутахассис оиди дастрасии бозор доир гардид.