Семинар дар мавзуҳои «Ҷорӣ намудани рақамикунонӣ ва низоми электронӣ», «Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва суғуртакунонии хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ»

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 01/11/2024 - 15:37

Бо ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзуҳои «Ҷорӣ намудани рақамикунонӣ ва низоми электронӣ», «Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва суғуртакунонии хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ» дар ҳамкорӣ бо ширкати машваратию технологии «Мушовирон» ва ширкати суғуртавии «Спитамен суғурта» дар моҳи январи соли 2024 гузаронида шуд ва дар он кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар», ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» иштирок намуданд.

Тоҷикӣ