Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом

Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Муроҷиат 4 Замима 5 Имзо 6 Пешнамоиш 7 Анҷом
0%
Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ «ICAO»

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ КИШВАР

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 20/02/2025 - 15:00

     Санаи 20 феврали соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон – Ҷамол Бакр Абдулло  баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин рушди соҳаи авиатсияи граждании ду кишвар ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ дар ин соҳа  мебошад.

Тоҷикӣ

НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ ТЕХНИКИИ “ДАРВОЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ” ДАР ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 20/02/2025 - 08:08
ДАРВОЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

    Бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол авиатсияи граждании кишварамон рушд намуда истодааст.  Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби истифодаи таҷҳизоти техникии Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 1 декабри соли 2024 мавриди амал қарор гирифт, исботи ин гуфтаҳост. Тибқи иҷрои қарори мазкур дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии  “Дарвозаҳои электронӣ” насб карда мешаванд.
     Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, тавассути ин таҷҳизот аз назорати сарҳадӣ гузаранд ва  истифода аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” ба таври зерин сурат мегирад:
-    Гузоштани саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафар ба дастгоҳи хониши шиноснома ва пайравӣ намудани дастури амали навбатии дар экрани таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” пайдошаванда;
-    Даромадан ба дохили таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” ва анҷом додани аксгирӣ, ки ба таври худкор фаъол мешавад;
-    Баъди анҷоми расмиёт баромадан аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ”;
-    Ҳангоми истифода бурдани таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” мусофирон бояд ба аломатҳое, ки дар атроф, дохил ва экрани таҷҳизоти техникии   мазкур  нишон дода шудаанд, пайравӣ кунанд.
-    Дар як вақт аз як таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” як мусофир истифода мебарад.
     Мақсад аз иҷрои талаботи қарори мазкур ин: содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафти терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ ва пасазпарвозии мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, рушди соҳаи  сайёҳӣ дар кишвар, пешгирии таҳдидҳои муосир ба амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳҳо ва  ба таҷрибаи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад.

Тоҷикӣ

САФИ ҲАМКОРИҲО БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶ МЕАФЗОЯД

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 13/02/2025 - 16:16

шаҳри Абӯ Забӣ

     Санаи 10-12 феврали соли 2025 Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ (Global Implementation Support Symposium), ки дар шаҳри Абӯ Забии Амороти Муттаҳидаи Араб   баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
     Дар намоишгоҳи болозикр Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) – Хуан Карлос Саласар, Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) – Николас Ралло, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ ва инчунин, роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании зиёда аз 35 давлати хориҷ  ҳузур доштанд.
     Дар рӯзи нахустини ин чорабинӣ, директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ҷиҳати омодагии Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, инчунин, васеъ намудани ҳамкориҳо бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва кишварҳои хориҷ суханронӣ намуданд.

     Инчунин, санаи 11 январи соли ҷорӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайрҳои Душанбе-Абӯ Забӣ ва Душанбе-Шарҷа, инчунин масъалаи кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифт.


     Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии “Air Arabia” ва Директори минтақавии Ширкати ҳавопаймоии “Wizz Air” вохӯриҳо ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нав ва инчунин, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ баргузор гардиданд.


     Умедворем, ки баргузории вохуриҳои болозикр ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
     Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯрӣ.

Тоҷикӣ

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ДАР АГЕНТӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 03/02/2025 - 13:50

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд:
1.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
2.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
3.    Мутахассиси шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 ҷой – маоши мансабӣ – 1484 сомонӣ.
4.    Мудири бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
5.    Сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
6.    Мутахассиси шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
7.    Сардори шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2968 сомонӣ.
8.    Сармутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
9.     Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
10.    Мутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
11.    Сармутахассиси шуъбаи бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии киберӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
12.    Мутахассиси пешбар шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
13.    Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
14.    Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –– 2968 сомонӣ.
15.    Мудири бахши ҳуқуқ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
16.    Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ,1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.  

Тоҷикӣ

Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 01/02/2025 - 14:51
Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва табодули иттилоъ дар байни сохторҳои давлатӣ, корхонаҳои авиатсионии кишвар ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи авиатсияи граждании кишвар, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, таблиғи санъат ва ҳунарҳои мардуми тоҷик, ва ташвиқ намудани фаъолияти мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, муаррифии навгониҳои соҳа, нашри рӯзномаи «Авиатсияи Тоҷикистон»-ро ташкил намояд. Зикр ба боварист, ки ин рӯзнома муаррифгари фаъолияти соҳа буда, дар рушду пешрафт ва тараққиёти самти авиатсияи граждании кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Тоҷикӣ

Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ ва 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 30/01/2025 - 13:38
Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 29/01/2025 - 15:33

     Санаи 29 январи соли 2025, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” бо роҳбарии Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин, директори генералии ҶСК "Тоҷик Эйр"- Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - Маликзода Аслиддин,  муовини директори генералии ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" - Алиаҳмад Қурбонов, муовини аввали директори генералии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" - Шодмонбекзода Даврон, кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ нишасти матбуотӣ  доир гардид.

Тоҷикӣ

АФЗОИШИ ХАТСАЙРҲОИ МАҲАЛЛӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 27/01/2025 - 16:11

     Боиси хушнудист, ки дар соли 2024-2025 бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, бо мақсади осон гардидани рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, дар самти кушодани хатсайрҳои маҳаллӣ як қатор корҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Азҷумла, 3 октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб, 24 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Панҷакент парвозҳои мунтазам оғоз гардиданд.

Тоҷикӣ

МАҚСАДИ МО ЗИЁД НАМУДАНИ ХАТСАЙРҲО ВА РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР КИШВАР

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 15/01/2025 - 13:01 • Санаи навкунии охирин Пшб, 16/01/2025 - 08:14

     Санаи 14 январи соли 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ – Абдулазиз Абдуллоҳ Ал-Дуаилей ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Тавфиқ ибни Фавзои Ал-Рабия мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати рушди сайёҳии ду кишвар ва зиёд кардани хатсайрҳо мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

 

Тоҷикӣ

Ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар давоми соли 2024

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2025 - 14:45

Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти 12 моҳи соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН RSS