БАИМЗОРАСОНИИ ЛОИҲАИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУСУСИ ПРОТОКОЛ ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА АЛОҚАИ ҲАВОӢ
Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 18.04.2024 паз аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.