ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САҲМИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ
03.09.2024 шаҳри Душанбе
Соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тоза ёфта, ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар мақоми байналмилалиро гирифтанд ва имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи авиатсияи гражданӣ ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуда истодааст.
Дар ин давра авиатсияи тоҷик ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад, ки ин пешравиҳо аз андешаи солими ватандӯстӣ ва миллатсозӣ, ҷасорату матонати сарварӣ ва дурбинии ҳакимонаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.