Cанаи 2 июли соли 2024 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки муҳтарам Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
Боиси зикр аст, ки баргузории чунин вохӯриҳои судманд ва ба имзорасии санадҳои муҳим ҷиҳати боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |