Санаи 4 октябри соли 2024 дар толори бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад Директори Агентӣ муҳтарам Назарзода Ҳабибулло баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд:
Қобили зикр аст, ки бо ба имзо расидани қонуни нав дар бораи забони тоҷикӣ дигарбора Рӯзи забони тоҷикӣ 5 октябр таҷлил карда мешавад ва зодрӯзи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, эҳёгару поягузори давлати навини тоҷикон, фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯз рост омадааст. Бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ ҳамаи шуморо табрику муборакбод менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби манзалату пойдории забон баён доштаанд, ки: ”Забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асили ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо омада расидааст”.
Дар баромаду суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид месозанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кушиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.
Дар даврони истиқлолият бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷуумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд ва дар коргузории расмӣ забони давлатӣ пурра ҷорӣ гардид. Нақши Пешвои миллат дар пешрафт ва бақову пойдорӣ ва устувории забони давлатӣ ниҳоят калон аст, ки ҳар яки мо – хизматчиёни давлатӣ онро қадр мекунем ва дар баробари хизматҳои шоёни Сарвари давлатамон орзуманди онам, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем ва барои поку беолоиш мондани он саъю талош намоем.