ВАҲДАТ НАҶОТИ МОСТ
«Халқи бузургвору қаҳрамони ман! Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем. Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст».
Эмомалӣ Раҳмон