Рушди босуботи Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 16/10/2024 - 16:59

     Санаи 15 ва 16 октябри  соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ байни роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании Давлатҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
     Дар вохуриҳои мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни давлатҳои Осиёи миёна ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо,  зиёд намудани шумораи хатсайрҳо,  роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳои болозикр  баррасӣ гардиданд.
     Ҳамчунин, байни  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назарзода Ҳабибулло Темур ва  Директори Маъмурияти авиатсионии Давлати Қатар оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, азҷумла, дар моҳи ноябр-декабри соли 2024 масъалаи  ба роҳ   мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе- Давҳа-Душанбе  вохурӣ баргузор гардид.
    Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи  6 феврали соли 2017 Созишномаи ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расида буд. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи мазкур, 22 апрели соли 2019 Протоколи вохурӣ ба имзо расида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”  ва  ҶСК “Тоҷик Эйр”, аз ҷониби Давлати Қатар  Ширкати ҳавопаймоии “Qatar Airways” ҳамчун интиқолдиҳандагони мусофирон, бор, бағоҷ ва почта таъин гардиданд.
     Умедворем, ки баргузории вохурии зикргардида дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, азҷумла, беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ширкатҳои авиатсионӣ, таъмин гардидани бехатарии парвозҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
     Аксҳо аз ҳолати баргузории ин вохурӣ.

Тоҷикӣ

Меню: