Имконияти интиқоли маҳсулотҳои кишоварзии зудвайроншаванда ба воситаи хатсайри ҳавоӣ
Санаи 15 январи соли 2024 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Директор Набизода Азиз, сардори шуъбаи танзими парвозию техникӣ Шарипов Зиёдулло ва сармутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ Толибов Мустафо бо муовини роҳбари Лоиҳаи Рушди Деҳот тавассути муносибатҳои рушди бозоргони USAID Сабоҳат Дӯстова ва Саломова Тахмина мутахассис оиди дастрасии бозор доир гардид.