Табрикоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бахшида ба 30-солагии Рӯзи Конститутсия
Инак, аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол мегузарад ва давлати мо дар заминаи меъёрҳои дар он муқарраршуда устуворона пеш меравад. Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид.