СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ КИШВАР РУШД МЕЁБАД
Cанаи 2 июли соли 2024 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки муҳтарам Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.