Сафарзода Дилшод Файзалӣ – Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила ва судманд сафар намуд. Дар вохӯрӣ бо Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб парафгузории лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни маъмуриятҳои авиатсионии ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар вохӯрии мазкур лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ парафгузорӣ гардида, Ёддошти тафоҳум байни маъмуриятҳои авиатсионии ду кишвар ба имзо расонида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Созишнома ва Ёддошти тафоҳуми мазкур барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли бор ва мусофирон таввасути алоқаи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумхурии Тоҷикистон заминаи хуберо фароҳам хоҳад гузошт.