МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ”
Санаи 26 июни соли 2024 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” баргузор гардид.
Нахуст рузномаи маҷлис тасдиқ гардида, мақоми кории маҷлис интихоб карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Назарзода Ҳабибулло Темур раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.