+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин
Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ХОҲӢ, КИ ОЗОД БОШӢ, ПОБАНДИ ҚОНУН БОШ»
Дар соли таҷлили 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, ҷиҳати болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир хоҳад гузошт, зеро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мусоидат менамояд. Мехостам аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон иброз доштанд, ёдовар шавам: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 омадааст: “ Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад”.
Ҳар яки моро зарур аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ”Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҳамзамон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли равон иброз доштанд, кору фаъолияти хешро самаранок ба роҳ монем. Айни замон инсоният ба тағйиру таҳаввули рӯзафзун рӯ ба рӯ шуда, зери таъсири падидаи бошитоби ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст. Чунин равандҳо ба кишвари соҳибистиқлоли мо низ бетаъсир буда наметавонад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ногувор ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ҳар яки моро мебояд, ба омӯзиш, парвариш ва таълиму тарбияи насли нав диққати ҷиддӣ дода, бо рӯ овардан ба донишу ҷаҳонбинӣ дар ташаккули ҷомеа ва таҳкиму устувории пояҳои давлатдории миллӣ саҳми худро гузорем.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро вазифаи ҷонии хеш донад.
Риояи қонунҳои миллии мамлакат “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар талаботи қонунгузории кишвар, ки барои танзим ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Месазад, ки дар партави иқдомҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузорем. Аз ин рӯ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои авиатсионии кишвар ва иштироки васеи олимону мутахассисони беҳтарини ҷумҳурӣ, инчунин, табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро бештар ба роҳ монад, зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Директори Агентии авиатсияи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Ҳабибулло Темур
Вохӯриҳои судманд ҷиҳати рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаҳои 15-16 майи соли 2024 вохӯрии Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи-Шимолии ИКАО Николас Ралло бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ, роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ, инчунин, роҳбарияти корхонаҳои авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
ХУШ ОМАДЕД БА ТОҶИКИСТОН!
Манбаъ: НИАТ «ХОВАР»
ICAO 80 Years of Uniting the Skies, Driving Capacity Development, and Shaping the Future of Aviation (Бо забони англисӣ)
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода Ҳ.Т. 06.05.2024 №: 283
АВВАЛИН ПАРВОЗ ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ТБИЛИСӢ ИҶРО ШУД
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамбастагӣ бо ширкати FLY.TJ хатсайри мустақими Душанбе – Тбилисиро роҳандозӣ намуд. Бо ифтитоҳи ин хатсайр шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон пайдо мекунанд, ки барои худ боз як кишвари зебову ҳамешасабзро кушода бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ҳамдигар ошно шаванд.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.