Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бахшида ба 29 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Набизода Азиз Абдусамад – муовини Директори Агентӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва ҳайати кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Зимни баргузории ҷаласа қайд гардид, ки агар ба даст овардани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд оварда, дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуда, матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил доданд, ки ин маънои ба зинаи нави рушд ворид шудани мамлакатро дорад.
Мо амиқан дарк менамоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.
Маҳз азму иродаи қавӣ, ҷасорату матонат ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Ҷаноби Олӣ буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммалу дурбинона қабул гардид ва дар ҷаҳон ба қатори даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарин дохил шуд.
Бо шарофати арзишҳо ва ҳуқуқу озодиҳое, ки Конститутсияи кишвар онро кафолат медиҳад, Тоҷикистони азиз таҳти сарварии муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст.
Дар фарҷом ба ҳозирин саломатию саодати рӯзгор, дар фаъолияти пурмасъули соҳа комёбиҳои бузург ва дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору муваффақиятҳои беназир таманно гардид.
Ба ҳама ҳамватанони азиз Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод мегӯем.